sotrud.ru 1

. Алгоритмњо.

Мавзўи 1. Маълумоти умуми оиди алгоритмњо.

Маќсад: Додани мафњум оиди алгоритм, хосиятњои алгоритм ва воситањои тасвиркунонии алгоритмњо. Омузонидани тарзњои тартиб додани алгоритмњо ва блоксхемањо. Баланд бардоштани малакаю дониши хонандагон.


Наќша:


  1. Маълумоти умуми оиди алгоритмњо.

  2. Хосиятњои алгоритм.

  3. Воситањои тасвиркунии алгоритмњо.


Яке аз мафњумњои асоситарине, ки бо тадбиќи компютерњо ва ёфтани њалли масъалањо вобаста аст, - ин мафњуми алгоритм мебошад.

Пайдоиши алгоритм бо пайдошавии математика рост меояд. Њазор сол пеш аз ин математики машњури Хоразми Абдулло Муњаммад ибни Мусо ал Хоразми дар китоби математикаи худ тарзњои иљроиши амалњои арифметики бо ададњои бисёррќамаро нишон додаст. Худи калимаи алгоритм њангоми дар Европа ба лотини тарљума шудани китоби ин математики машњур пайдо шудааст.

Алгоритм – тасвири амалиётњои пайдарпай, ки тартиби иљроиши он бо миќдори ќадамњои охирнок ба њалли масъалаи гузошташуда оварда мерасонад.

Дар амал њалли масъалаи дилхоњ информатсияи пешаки додашударо талаб менамояд. Шумо њамаваќт бо ин мафњум дар муњити дилхоњи фаъолияти шахсии худ вомехуред (китобњои ќаннодї, тавсияњо оиди истифодаи дилхоњ таљњизотњо, тартиби њалли масъалањои математики ва ѓ.). Асосан мо амалиётњои лозимиро фикр накарда ба таври механики иљро менамоем. Масалан мо бо воситаи калид кушодани дарро хуб медонем, лекин барои ба кудак омўзонидани он аз як тартиби муайян истифода мебарем, ёки пеш аз њал намудани ягон мисоли математики мо якчанд лањза фикр менамоем то чик ор кард.

Њаргуна алгоритм бояд дорои чор хосияти асосии зеринро доро бошад:

1. Дискретї – алгоритм рванди додашударо ба марњилањои (ќадамњои) алоњидаи элементарие људо мекунад, ки онњо ба маљмўи амалиётњои иљрокунанда дохил мешаванд.

2. Детерминантї – Маљмўи нишондоди алгоритм бояд аниќ ва барои иљрокунанда фањмо бошад. Ин хосият якќимата будани натиљаи равандро таъмин менамояд, яъне барои њамон як маљмўи маълумотњои пешаки додашуда, алгоритм њамеша натиљаи якхеларо медињад. Дилхоњ амалиёт бояд ботартиб ва яккарата муайян дар њар њолалат бошад;


3. Охирнок – њар як амалиёт ва алгоритм дар намуди умуми бояд анљомёбнда бошад;

4. Умуминок – алгоритм бояд барои дилхоњ ќимматњои лозимї иљрошаванда бошад;

5. Натиљавї – бехато ва алгоритм бояд барои дилхоњ ќимат натиљаи дуруст дињад.

Воситањои тасвиркунии алгоритмњо.

1. Алгоритм бояд дар шакли ба одам фањмо, ки онро коркард менамояд пешкаш карда шавад.

2. Алгоритм бояд дар шакле пешкаш карда шавад, ки ба объекти иљрокунандаи амалиётњои алгоритм фањмо бошад.

Объекте, ки алгоритмро иљро менамояд асосан иљрокунанда номида мешавад. Иљрокунандагони идеали мошина, робот ва компютерњо мебошанд.

Барои он, ки алгоритм то иљрокунанда оварда расонида шавад, он бояд вобаста аз вазифаи иљромекардааш аз рўи ягон ќонуну ќоида бо ёрии ягон воситаи тасвиркунии конкрети ба намуди формулавї оварда шавад.

Ба воситањои асосии тасвиркунии алгоритмњо тарзњои зерини навишти онњо дохил мешаванд: матнї, формулавї- матнї, блок- схемавї ва забонњои барномасозї.

а) Агар ба сифати воситаи тасвиркунии алгоритм тарзи навишти матнї истифода карда шавад, онгоњ пайдарпайии марњилањои алгоритмро бо забони муќаррарии гуфтугўидар намуди дилхоњнавиштан мумкин аст. Бартарии ин усул дар он аст, ки марњилањои алгоритмро то дараљаи дилхоњаниќ тасвир кардан мумкин аст.

б) Дар навишти формулави – матнї бошад алгоритмњо иљрошавии амалиётњои конкретии марњилањо бо ёрии формулањои математики тасвир карда шуда, барои шарњу эзоњот матнњо истифода бурда мешаванд. Бо ёрии ин усул низ дараљаи дилхоњи тасвири марњилањои алгоритмро њосил кардан мумкин аст. Бартарии ин усул дар он аст, ки дар ин маврид марњилањои алгоритм аёнтар мегардад.

Алгоритме, ки дар забони барномасозии ба компютер фањмо навишта шудааст барнома номида мешавад.

Мавзўи 2: Намудњои алгоритмњо. Забони алгоритмї.

Маќсад: Баланд бардоштани малакаю дониши хонандагон оиди технологияи информатсионї. Омўзонидани тарзњои тартиб додани алгоритмњо тавасути Забони алгоритмї



Наќша:


  1. Намудњои алгоритмњо.

  2. Забонњои алгоритмї.


Алгоритмњо ба намудњои зерин људо карда мешаванд:

1. Алгоритми хатти – тасвири амалиётњо, ки бо тартиби муайян яккарата иљро мегарданд;

2. Алгоритми даврї - тасвири амалиётњо, ки метавонанд бо миќдори муайяни ќадамњо ёки то иљрошавии шарти гузошташуда такрор ёбанд;

3. Алгоритми шартї (шоханок) – алгоритме, ки вобаста ба шарти гузошташуда ин ё он амалиёти пайдарпай иљро мегардад;

4. Алгоритми ёрирасон – алгоритме, ки метавонад дар дигар алгоритмњо истифода шавад, фаќат бо нишон додани номи он.


Барои боз њам сањењ тасвир намудани алгоритм бисёртар шакли графики – блок схема истифода бурда мешавад, ки аз объектњои графики стандарти иборат мебошад.


Намуди объектњои графикии стандартї

Вазифа



Ибтидои алгоритм



Интињои алгоритм



Амалиётњои иљрошаванда дар дохили росткунља навишта мешавад


Шарти иљрошавии амалиёт дар дохили росткунља навишта мешавад




Њисобкунаки миќдори такрорёбї



Пайдарпайии иљрошавии амалиётњо


Забони алгоритмї системаи ишораткунї ва ќоидањоест, ки барои якхела навиштан ва иљро кардани алгоритмњо истифода бурда мешавад. Ин забон аз љињати таркиб содда ва оммафањм буда, ба забони гуфтугўйї хеле наздик аст. Дар забони алгоритмї рамзњои математикї, ададњо, аломати амалњо, ишорати функсияњо ва бузургињоро бе ягон таѓйирдињї истифода бурдан мумкин аст. Вале ин забон забони шартї буда, программањои дар он сохта шударо ягон компютер иљро карда наметавонад. Танњо баъди омeхтани ин забон, омeзиши забонњои асили программасозї хеле осон мегардад. Набояд фаромўш кард, ки њангоми сохтани алгоритмњо риоя намудани ќоидањои забони алгоритмї шарт ва њатмист, чунки онњо асоси забонњои программасозиро барои компютер ташкил медињанд.

Тавре ки њар як забон синтаксис ва грамматикаи худро дорад, забони алгоритмї њам дорои як ќатор ќойдањо мебошад. Њангоми навиштани алгоритм ин ќойдањо бояд риоя шаванд. Барои ин ба мо зарур аст, ки луuати забони алгоритмиро донем. Асоси ин луѓатро командањои содда ташкил медињанд. Командањои содда калимањое мебошанд, ки дар системаи командањои иљрочии алгоритм мавќеи марказиро ишѓол менамоянд. Дар забони алгоритмї командањо ё дар намуди мухтасар ё пурра дода мешаванд. Инчунин, дар забони алгоритмї калимањои хизматрасон низ истифода бурда мешаванд. Ин калимањо њангоми сохтани алгоритм xудо карда шуда, дар шакли мухтасар навишта мешаванд.

Њар як алгоритм бояд ном дошта бошад. Ба алгоритм номи дилхоњро гузоштан мумкин аст, лекин барои осонии кор номро бояд мувофиќи мазмуну мундариxаи алгоритм гузошт.


Баъзе калимањои хизматрасони забони алгоритмї инњоянд:

алг (алгоритм) - нишонаи номи алгоритм.

ибт (ибтидо) - нишонаи ибтидойи алгоритм.

инт (интињо) - нишонаи интињойи алгоритм.

Командањои алгоритм дар сатрњо пай дар пай навишта мешаванд. Дар як сатр як ё якчанд командаро навиштан мумкин аст. Барои аз њамдигар људо кардани командањое, ки дар як сатр навишта шудаанд, аломати нуќта-вергул (;) истифода бурда мешавад.

Пайдарпайии командањои алгоритм, ки яке аз паси дигар иљро карда мешаванд, серия ном доранд. Серия метавонад аз як ё якчанд команда иборат бошад.

Њамин тариќ, намуди умумии алгоритм дар забони алгоритмї чунин аст:

алг номи алгоритм

ибт

командањои алгоритм (серия)

инт

Мисол: Бигузор амалњои чен кардан, ба ду њиссаи баробар таќсим кардан, ба воситаи нуќтањо ишора кардан ва кашидани порча ба системаи командањои иљрочї дохил бошанд. Талаб карда мешавад, ки алгоритми гузаронидани хати миёнаи секунља тартиб дода шавад.


алг Хати миёнаи секунља

ибт яке аз тарафњои секунxаро чен кунед

миёнаљои онро бо нуќтаи A ишора кунед

тарафи дигари секунxаро чен кунед

миёнаљои онро бо нуќтаи В ишора кунед

порчаи АВ-ро гузаронед

инт

Муњити барномасозии QBASIC

Объекти коркардкунандаи муњити барномасозии QBASIC файли матние мебошад, ки матни барномаи BASIC
– ро дорост. Барномаи QBASIC ба DOS замимањо дохил шуда ба таври нусхабардорї дар ягон папкањои Windows истифода бурда мешавад. Баъд аз бакор омодасозии QBASIC.EXE дар экран равзанаи редактори матнии система кушода мешавад.



Дар ин равзана шумо њамаи амалиётњоро бо барнома - дохилкуни ва тањриркунии матн, сабткунонии матн дар файл, барои коркард файлеро кушодан, боздоштан ва иљрокунии барномаро гузаронед.


Файлеки дар ин барнома сохта мешавад ќисми иловагии .BAS – ро мегирад.

Редактори матнии QBASIC ба монанди редактори DOS кор намуда амалиётњои тањриркунони матни барнома тавасути бандњои менюи он иљро карда мешаванд.

Њар як банди менюи барнома аз номгўи зербандњо иборатанд.




Мавзўи 5: Ифодањо ва Функсияњои стандартї

Маќсад: Ба хонандагон омўзонидани тарзи истифодабарии ифодањо

ва функсияњо дар забони барномасозии Бейсик. Баланд

бардоштани мањорати барномасозии хонандагон.

Дар Бейсик се намуд ифодањоро фарќ мекунанд: арифметикї, рамзї ва мантиќї.

Ифодањои арифметикї ба воситаи доимињо ва таѓйирёбандањои ададї, аломати амалњои арифметикї, функсияњои стандартии математикї ва ќавсњои доирашакл тартиб дода мешаванд. Дар навишти ифодањо рамзи амалњоро партофтан мумкин нест.

Амалиётњои арифметики дар забони Basic.


амалиёт

ишорат

мисол

натиља

љамъ

+

2+5

7

тарњ

-

10-8

2

зарб

*


3*4

12

таќсим

/

15/3
15/4

5
3.75

Таќсими бутун

\

15\4

3

дараља

^

2^3

8

Баќия аз таќсим

MOD

13 MOD 5

3


Мисоли 1:

Навишти муќаррарї

Навишт дар Бейсик



5*y

ах2+вх+с

a*х^2+в*х+с



х*y/(х+6.5*y)


Тартиби иљрои амалњои арифметикї ба таври муќаррарї сурат мегирад. Њар як функсияи стандартии Бейсик номи муайян ва аргументи худро дорад. Ба сифати аргументи функсияњо ифодаи арифметикии дилхоњро истифода бурдан мумкин аст. Аргумент пас аз номи функсия дар ќавс навишта мешавад. Аргументи функсияњои стандартии тригонометрї ба воситаи радианњо ифода карда мешаванд. Тарзи навишти якчанд функсияњои стандартиро дар намуди љадвали зерин меорем:



Номи функсияњо

Навишт дар Бейсик

Синуси х

sin(x)

Косинуси х

cos(x)

Арктангеси х

atg(x)

Решаи квадратї аз х

sqr(x)

Экспонент аз х (ех)

exp(x)

Логарифми натуралї аз х

log(x)

Логарифми дањї аз х

log10(x)

Ќимати мутлаќи х, яъне | x |

abs(x)

Ќимати бутуни х

int(x)

Адади тасодуфї дар байни 0 ва 1

rnd(x)

Функсияи аломат

sgn(x)



Мисоли 2:

Ифодањои зеринро дар забони программасозии Бейсик менависем:


Дар математика

Дар Бейсик




y=sin(x/5)+cos(x/5)+exp(sqr(a*x))




s=sqr(x*log(x))+(atg(b) / sin(c))



Ифодањои рамзї (литерї) ба воситаи доимињо, таѓйирёбандањо, функсияњо ва аломати амали рамзї сохта мешаванд. Дар забони программасозии Бейсик фаќат як амали рамзї пешбинї шудааст, ки онро амали пайвасткунии (конкатенатсия) бузургињои рамзї меноманд. Ин амал ба воситаи аломати «+» ишорат карда мешавад. Масалан, ќимати ифодаи рамзии “БАР”+”НО”+“МА” матни «БАРНОМА»-ро ташкил медињад.

Дар баъзе версияњои Бейсик барои коркарди бузургињои рамзї (матнї) як ќатор функсияњои махсус пешбинї шудаанд.

Масалан:

LEN(a) – дарозии матни а-ро њисоб мекунад.

VAL(а) – ќимати рамзии а-ро ба коди дањии ба он мувофиќ табдил

медињад.

MID(a,m,n) – ќисми бузургии рамзии а-ро, ки дарозиаш ба n рамз

баробар аст, аз рамзи m-уми он сар карда људо мекунад.

Ифодањои мантиќї ба воситаи ифодањои арифметикї ва рамзї сохта шуда, танњо яке аз ду ќимат – њаќ (true) ё ноњаќ (false)-ро ќабул карда метавонанд. Ифодањои нисбї њолати хусусии ифодањои мантиќиянд. Онњо бо ёрии ду ифодаи арифметикї ва яке аз аломати амалњои нисбии < (хурд), >(калон), <= (хурд ё баробар), >= (калон ё баробар), = (баробар), < > (нобаробар) сохта мешаванд.


Мисоли 3:

Навишти муќаррарї

Навишт дар Бейсик

b0


b<=0

ax2=bx+c

a*x^2=b*x+c

lnx<2sin x

log(x)<2*sin(x)

Саволњо:

Кадом функсияњои стандартии забони Бейсикро медонед?

Ифодањои Бейсик кадомњоянд ва онњо чї тавр сохта мешаванд?

Аз функсияњои стандартии EXP*B; COS(30); ABS(2,6); ТN*1; SQR5^2 кадомашон бехато навишта шудааст?

Супориш:

  1. Ифодањои математикии зеринро дар Бейсик нависед:




t3,5

a0+a1х+а2х2






2. Ифодањои арифметикии Бейсикро ба забони муќаррарии математикї баргардонед:


(k-5*f)/a

a/b/c*d*e

abs(a-b)/(4+х)^(2+y)

12-exp(x)+log(y)




  1. Агар х=2, y=3, a=5 бошад, дурустии ифодањои нисбии зеринро муайян кунед.




x<=2


x^y>x*y

a+x^2=y^2

int(y/x)=y-x



Тартибдињанда: Атобоев Хусрав Њайдарович